26 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, дар китоби тасаллият, ки бинобар талафоти ҷонӣ зимни суқути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон дар Актау кушода шудааст, изҳори ҳамдардӣ баён кард.
Вазир аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъзияи амиқро ба наздикону пайвандони фавтидагон иброз намуда, ба осебдидагон таманнои шифои комил кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan