27 декабри соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Алимирзамин Аскеров, Ҷумҳурии Беларус Виктор Денисенко, Ҷумҳурии Қазоқистон Валихан Туреханов, Ҷумҳурии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Шоисматов, инчунин кордорҳои муваққатии Федератсияи Русия Вера Хуторская ва Туркманистон Мердан Меммедовро ба ҳузур пазируфт.
Вазир ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ оид ба натиҷаҳои асосии соли сипаришуда, инчунин нақшаву ҳадафҳо барои дурнамо табодули афкори судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷӣ бо таъкид ба рушди рӯзафзуни муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, онҳоро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ С.Муҳриддин кормандони сафоратҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро бо фарорасии соли нав табрик намуда, ба онҳо муваффақиятҳои касбиро таманно кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan