20 январи соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Вершининро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҳамкории Душанбе ва Москва дар масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо дар доираи абзорҳои бисёрҷониба баррасӣ шуд. Ҳамчунин табодули афкор атрофи масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan