20 январи соли 2025 дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар масъалаҳои муқовимат ба таҳдиду чолишҳо баргузор шуд.
Машваратҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Федератсияи Русия Сергей Вершинин роҳбарӣ карданд. Дар чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат варзиданд.
Зимни машваратҳо табодули афкори судманд атрофи ҳамкории ду кишвар дар таъмини амният ва суботи минтақавӣ анҷом гирифт. Таваҷҷуҳи вежа ба фаъолияти муштараки Душанбе ва Москва дар масоили муқовимат ба таҳдиду чолишҳо дар ҳошияи СММ, СААД, СҲШ, ИДМ ва дигар абзорҳои бисёрҷониба зоҳир карда шуд.
Чорабинӣ дар руҳияи ҳусни тафоҳуми хоси шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баргузор гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan