21 январи соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейко Фурутаро қабул намуд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Ҷопон ва масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Исматулло Насредин сафири Ҷопонро ба муносибати таъйинот ба ин вазифа табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиву муваффақият таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan