Кӯмаки башардӯстонаи муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои узви IOFS ба мардуми Ғазза

21.01.2025 18:54

Дар доираи иқдоми башардӯстона ва саховатпешагии якчанд давлатҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS), аз қабили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Халқии Бангладеш, ки дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти хайриявии Подшоҳии Ҳошимии Урдун (JHCO) амалӣ карда мешавад, ба мақсади кӯмак ба мардуми Ғазза ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо, 200 тонна орди аълосифати гандумӣ ба он минтақа фиристода шуд.

Интизор меравад, ки корвони кӯмаки башардӯстона давоми 2 рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Керем Шалом/Карам Абу Салем мерасад ва дар ҳамоҳангӣ бо Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ (WFP) ва дигар ниҳодҳои Созмони Милал ҷиҳати интиқоли бехатари кӯмакҳо, тақрибан ба 8 ҳазор хонавода дар таъмини камбудии ғизо мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки дар аввали соли 2024 Созмони исломии амнияти озуқаворӣ барои мубориза бо хатари гуруснагӣ дар навори Ғазза бо интишори як даъвати изтирорӣ барномаи “Орд барои башарият”-ро роҳандозӣ кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим