Оғози раёсати Тоҷикистон дар ИДМ

22.01.2025 17:58

22 январи соли 2025 дар ш.Минск ҷаласаи нахустини Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар сохторҳои ИДМ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, ки таҳти раисии намояндаи ваколатдори доимии Тоҷикистон дар ИДМ, сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода баргузор гардид, дабири кулли ИДМ, роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроия, сафирони кишварҳои иштирокдори Иттиҳод ва намояндагони аршади вазоратҳои корҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон А.Саидмуродзода авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025-ро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин дар самти муқовимат ба чолишу таҳдидҳо муаррифӣ кард.

Дар рафти ҷаласа ҳамчунин атрофи масъалаҳои мундариҷавии чорабиниҳои дарпешистодаи Иттиҳод дар Тоҷикистон бо тамаркуз ба омодагӣ ба ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ 10 октябри соли 2025 дар Душанбе табодули афкор сурат гирифт.    

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим