Иштирок дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин

25.09.2025 09:00

24 сентябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин (G77) ширкат варзид.

Дар суханронии худ вазири корҳои хориҷии кишвар аз талошҳо ҷиҳати суръат бахшидан ба  ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таҳкими низоми бисёрҷониба пуштибонӣ намуд. Инчунин зимни изҳороти ҷониби мо, диққати махсус ба зарурати ислоҳоти сохтори молиявии байналмилалӣ, таҳкими сулҳу амният ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дода шуд.

Илова бар ин, С. Муҳриддин зимни таъкид аз аҳаммияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва мудирияти захираҳои об, нақши фаъол ва созандаи Тоҷикистонро дар ташаббусҳои таъмини рушди устувор ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим қайд намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим