Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо муовини котиби давлатии ШМА

25.09.2025 21:16
  •  

25 сентябри соли 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо муовини котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Кристофер Ландау мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ, инчунин шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба хатару чолишҳои амниятӣ, таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак мубодилаи афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим