
25 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ширкат варзид.
Вазири корҳои хориҷии кишвар зимни суханронӣ ба зарурати тақвияти ҳамоҳангӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои амниятӣ байни кишварҳои аъзои СААД дар самти мубориза ба таҳдидҳои афзояндаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир ишора намуд.
Инчунин, дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷии кишварҳои аъзо масъалаҳои мубрами рӯзномаи кунунии Созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan