Иштирок дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО

26.09.2025 09:06

25 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуд.

Зимни суханронӣ вазири корҳои хориҷӣ қайд намуд, ки МҲТБО бар асари табдилёбии давомдори худ бояд ҷиҳати вокуниш ба вазъияти босуръат тағйирёбандаи байналмилалӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли якҷояи мушкилоти умумӣ самарабахштар шавад.

Сироҷиддин Муҳриддин бо таъкид бар тааҳҳудоти Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро ба Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва дар доираи он муваффақона баргузор намудани чаҳор конфронси байналмилалии сатҳи баланд ҷалб кард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим