Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар вохӯрии сатҳи баланди оғози муколамаи глобалӣ оид ба зеҳни сунъӣ

26.09.2025 09:41

25 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҷаласаи сатҳи баланди оғози Муколамаи глобалӣ оид ба мудирияти зеҳни сунъӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ аз ташаббусҳои миллӣ ва байналмилалии Тоҷикистон, ба вежа ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар эҷоди имкониятҳои нави рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки қатънома аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ муваффақона қабул шуд, ёдрас намуд.

С. Муҳриддин ҳамчунин аз тасмими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Конфронси нахустини Душанбе оид ба зеҳни сунъӣ дар таърихи 24-25 октябри соли 2025 хабар дод ва аз кишварҳои узви СММ ҷиҳати иштироки фаъол дар чорабинии мазкур даъват ба амал овард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим