Мулоқот бо шаҳрдори Анқара

26.09.2025 17:51

26.09.2025.17.50.jpeg

26 сентябри соли 2025 сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Содиқ Имомӣ бо шаҳрдори шаҳри Анқара Мансур Яваш мулоқот анҷом дод.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзмарраи ҳамкориро баррасӣ намуда, оид ба рушди муносибатҳо миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Анқара табодули назар карданд.

Мансур Яваш изҳор дошт, ки шаҳри Анқара ба густариши муносибатҳо бо шаҳри Душанбе ва барқарор намудани робитаҳои мустақими дуҷониба таваҷҷуҳи хоса дорад.

Сафир шаҳрдори Анқараро барои анҷоми сафар ба шаҳри Душанбе ва иштироки фаъол дар Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest – 2025”, ки рӯзҳои 14–16 октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, даъват намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим