
26 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Иван Хил баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Венесуэла, инчунин шарикӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд. Бахусус ба раванди мусбати ҷонноксозии робитаҳои байнидавлатии ду кишвар ва тавсеаи заминаи қарордодӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар партави даври нахустини машваратҳои сиёсӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, баҳои баланд дода шуд.
Ҳамсуҳбатон якдигарро ба муносибати 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Венесуэла, ки моҳи октябри соли ҷорӣ таҷлил мегардад, шодбош гуфтанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan