Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Кипр

27.09.2025 18:00

26 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос вохӯрӣ намуд.

Вазирон вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба инчунин ҳамкориҳои ду кишварро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро роҷеъ ба таҳкими равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ ва маориф таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим