
26 сентябри соли 2025, дар чорчӯби 80-умин ҷаласаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунхуа вохӯрӣ анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди омодагӣ ба Чорумин Конфронси оби Душанбе, ки соли 2026 баргузор мегардад, табодули афкор намуданд ва аҳамияти “Раванди Душанбе”-ро ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои пешбурди масъалаҳои об ва амалӣ гардонидани натиҷаҳои Конфронси оби СММ таъкид карданд.
Муовини Дабири кулли СММ саҳми Тоҷикистонро дар пешбурди лоиҳаҳои вобаста ба об ва иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкории илмӣ баланд арзёбӣ намуд. Вазири корҳои хориҷӣ дар навбати худ омодагии кишвари моро ҷиҳати идомаи густариши ҳамкории судманд бо UN DESA ва дигар ниҳодҳои СММ дар татбиқи уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самтҳои об, иқлим ва рушди устувор баён намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan