Иштироки вазири корҳои хориҷӣ дар мулоқоти Гурӯҳи дӯстони Иттиҳоди тамаддунҳои СММ

27.09.2025 19:30

26 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти Гурӯҳи дӯстони Иттиҳоди тамаддунҳои СММ иштирок ва суханронӣ намуд.  

Вазири корҳои хориҷӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамчун узви нави Гурӯҳи дӯстон шарафёб аст, то дар табодули таҷриба ва дониш дар робита ба чолишҳои марбут ба афзоиши гуногунии фарҳангӣ, мушкилоти зуҳуркунандаи ҳувият ва низоъҳои марбут ба он байни кишварҳои узв иштирок намояд.

С.Муҳриддин бо ишора ба ноустувории имрӯза дар ҷаҳон, ба амалҳои дастаҷамъона ва саъю кӯшиши муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами башарият даъват ба амал овард.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим