Иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ

27.09.2025 19:52

27.09.2025.19.51.jpg

26 сентябри соли 2025 дар ҳошияи иҷлосияи 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар рафти суханронӣ вазири корҳои хориҷии кишвар пойбандии Тоҷикистонро ба принсипҳои СҲИ бори дигар изҳор намуда, хостори таҳкими иттиҳод дар ҳалли мушкилоти муштарак шуд. Ӯ аҳамияти зарурати таҳкими сулҳу субот ва ҳамкорӣ дар саросари ҷаҳони исломро таъкид кард.

Инчунин, С. Муҳриддин нисбат ба вазъи шадиди инсонӣ дар Ғазза изҳори нигаронӣ намуда, ҷонибдории Тоҷикистонро аз ҳалли қазияи Фаластин бо роҳи таъсиси ду давлат изҳор дошт. Вазъи Афғонистон, масъалаҳои муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, аз ҷумла ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин росто, низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим