Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷӣ

17.10.2025 18:23

17 октябри соли 2025 ҷаласаи навбатии Ҳайати мушовараи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Ҳайати мушовара – вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, аъзои Ҳайати мушовара, сардорони сарраёсати консулӣ, раёсатҳо ва муовинони онҳо, инчунин мудирони шуъбаҳои вазорат ва директори генералии КВД “Дипсервис”, роҳбарони Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ва Муассисаи давлатии маҷаллаи “Сиёсати хориҷӣ”-и  назди Вазорати корҳои хориҷӣ баргузор гардид.

Дар нишасти мазкур натиҷаҳои фаъолияти низоми Вазорати корҳои хориҷӣ дар 9 моҳи соли 2025 ҷамъбаст гардида, нақша ва вазифаҳо барои семоҳаи навбатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз натиҷаи ҷаласа аз ҷониби Ҳайати мушовара қарори дахлдор роҷеъ ба масоили муҳокимашуда қабул гардид. 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим