Мулоқоти сафир бо вазири тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ

22.10.2025 16:39

21 октябри соли 2025 дар шаҳри Абу Забӣ мулоқоти сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашрафҷон Гулов бо вазири тиҷорати хориҷии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Сонӣ ибни Аҳмад Аз-Зуюдӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҳамсуҳбатон роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули назар карда, зарурати густариши мушорикати тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дарёфти равишҳои муассир ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ миёни ду кишварро таъкид намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим