Мулоқот бо намояндаи доимии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ

08.12.2025 12:46

08.12.2025.17.46.jpg

8 декабри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода намояндаи доимии навтаъини Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гаэл Рабалланро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, тандурустӣ, инфрасохтор ва ғайра мавриди муҳокима қарор доданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ намояндаи доимии бонкро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шудан табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолаташ дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим