Ҷаласаи Кумитаи машваратии роҳбарони хадамотҳои ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ

09.12.2025 18:22

​​

9 декабри соли 2025 дар шаҳри Душанбе дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи 39-уми Кумитаи машваратии роҳбарони хадамотҳои ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Кумитаи машваратӣ роҳбарон ва коршиносони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони шуъбаи ҳуқуқии Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ атрофи масъалаҳои мубрами соҳаи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ва амалияи татбиқи ҳуқуқ дар доираи ИДМ баррасӣ ва табодули афкор намуданд.

Бо дарназардошти он, ки ҷаласа лар арафаи Рӯзи ҳуқуқи башар, ки ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ 10 декабр таҷлил мегардад, баргузор гардид, иштирокчиён аз қатъномаи таҳти унвони «Манифести Куруш: Оинномаи барвақт оид ба ҳуқуқи инсон ва гуногунии фарҳангӣ», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид (UNESCO) 6 ноябри соли 2025 қабул шудааст, маълумот дода шуд. Аҳамияти таърихӣ ва маънавии Манифести Куруш ҳамчун яке аз аввалин ҳуҷҷатҳои башардустӣ, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро эълон мекунад, қайд карда шуд. Он саъю кӯшишҳои бефосилаи бунёди низоми идоракуниро инъикос мекунад, ки ба арзишҳои маънавӣ ва ахлоқии дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷамъшуда асос ёфтааст.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим