Мулоқоти сафир бо вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшавандаи Давлати Кувайт

10.12.2025 15:13

10.12.2025.18.30.jpg

9 декабри соли 2025 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо вазири барқ, об ва энергияи таҷдидшаванда, иҷрокунандаи вазири молия, вазири давлатӣ оид ба умури иқтисодӣ ва сармоягузории Давлати Кувайт доктор Субайҳ Абдулазиз Абдулмуҳсин Ал-Мухайзим, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт мебошад,  доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба тақвияти равобит дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ, инчунин пайгирии натиҷаҳои ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт табодули афкор намуданд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

Нигористон

Тақвим