Супоридани нусхаи эътимоднома

11.12.2025 14:52

9 декабри соли 2025 cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Испания бо иқомат дар шаҳри Женева Шараф Шерализода нусхаи эътимодномаи худро ба директори генералии ташрифоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳамкории Подшоҳии Испания Адриан Мартин Коусе супорид.

Зимни вохӯрӣ Адриан Мартин Коусе сафири навтаъйинро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатӣ дар ин маснади муҳим таҳният гуфта, ба ӯ муваффақият ва комёбиҳо орзу намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Тақвим