13 январи соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевичро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла натиҷа ва хулосаҳои музокироти сиёсӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ва равандҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба, амнияти Осиёи Марказӣ, масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, вазъияти иқтисодии ҷумҳурӣ, масъалаҳои обу энергетика ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб баррасӣ карда шуданд.
.