Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири ИМА

20.01.2015 17:27

20 январи соли 2015 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиотт мулоқот барпо намуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба раванди кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дигар масъалаҳои ҷолиби таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар намуда, қаноатмандии худро роҷеъ ба равобити Тоҷикистону ИМА баён намуданд.

Нигористон

Тақвим